Чанд Қабо Бар Қади Дил Дӯхтам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чанд қабо бар қади дил дӯхтам,
Чанд чароғи хирад афрӯхтам!
Пири фалакро, ки қарореш нест,
Гардиши бас булъаҷаб омӯхтам!
Ганҷи карам омад миҳмони ман,
Воми фақирон зи карам тӯхтам!
Ҳосил аз ин се суханам беш нест:
Сӯхтаму сӯхтаму сӯхтам!
Бар масали шамъам ман покбоз,
Рехтам он дахл, ки андӯхтам!
Баски басе нуқтаи Исои ҷон,
Дар дилу дар гӯши хар испӯхтам!
Баски изотамма дано нақсуҳу,
То бинагӯяд санами шӯх там!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.