Чандон, Ки Гуфтам Ғам Бо Табибон,

Чандон, ки гуфтам ғам бо табибон,
Дармон накарданд мискин ғарибон.
Он гул, ки ҳар дам дар дасти бод аст,
Гӯ, шарм бодат аз андалебон.
Ё раб, амон деҳ, то боз бинад
Чашми муҳиббон рӯи ҳабибон.
Дурҷи муҳаббат бар мӯҳри худ нест,
Ё раб, мабодо коми рақибон.
Эй мунъим, охир, бар хони ҷудат
То чанд бошем аз бенасибон?
Ҳофиз нагаштӣ, шайдои гетӣ,
Гар мешунидӣ панди адибон.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.