Хуш Он Шабе, Ки Дароӣ Ба Сад Карашмаву Ноз,

Хуш он шабе, ки дароӣ ба сад карашмаву ноз,
Кунӣ ту ноз ба шӯхиву ман кашам ба ниёз,
Чу ғунча сирри дарунаш куҷо ниҳон монад
Дили маро, ки насими сабост маҳрами роз.
Чӣ ҳалқаҳо, ки задам бар дари дил аз сари сӯз,
Ба бӯи субҳи висоли ту дар шабони дароз.
На ин замон мани шӯридадил ниҳодам рӯй,
Бар остони ту, к-андар азал ба сӯзу ниёз.
Дило, манол зи шоме, ки субҳ дар паи ӯст,
Кн нешу нӯш ба ҳам бошаду нишебу фароз.
Ба як-ду қатра, ки исор кардӣ, эй хоҷа,
Басо, ки бар рухи давлат кунӣ карашмаву ноз,
Ғубори хотири мо чашми хасм кӯр кунад,
Ту рух ба хок бинеҳ, Ҳофизо, бисӯзу бисоз!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.