Хуш Мегурезӣ Ҳар Тараф Аз Ҳалқаи Мо Не Макун – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Хуш мегурезӣ ҳар тараф аз ҳалқаи мо, не, макун,
Ай моҳ, барҳам мезанӣ аҳди Сурайё, не, макун!
Ту рӯзи пурнуру лаҳаб, ту дар пайи ту ҳамчу шаб,
Ҳар ҷо, ки манзил мекунӣ, оем он ҷо, не макун!
Ай офтобе дар ҳамал, боғ аз ту пӯшида ҳулал,
Бе ту бимонад аз амал дар захми сармо, не макун.
Ай офтоби дояе, мо дар пайат чун сояе,
Ай доя, бе алтофи ту мондем танҳо, не макун!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.