Хуш Кард Ёварӣ Фалакат, Рӯзи Доварӣ,

Хуш кард ёварӣ фалакат, рӯзи доварӣ,
То шукр чун куниву чӣ шукрона оварӣ?
Он кас, ки уфтод, худояш гирифт даст,
Гӯ; «Бар ту бод то ғами афтодагон хӯрӣ?»
Дар кӯи ишқ шавқати шоҳӣ намехаранд,
Иқрори бандагӣ куну изҳори чокарӣ.
Соқӣ, ба муждагонии айш аз дарам дарой,
То як дам аз дилам ғами дунё бадар барӣ.
Дар шоҳроҳи ҷоҳу бузургӣ хатар басест,
Он беҳ, к-аз ин гирева сабукбор бигзарӣ.
Султону фикри лашкару савдои тоҷу ганҷ,
Дарвешу амни хотиру кунҷи қаландарӣ
Як ҳарфи сӯфиёна бигӯям, иҷозат аст,
Эй нури дида, сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ!
Найли мурод бар ҳасаби фикру ҳиммат аст,
Аз шоҳ назри хайру зи тавфиқ ёварӣ.
Ҳофиз, ғубори фақру қаноат зи руҳ машӯй,
К-ин хок беҳтар аз амали кимиёгарӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.