Хуш Бувад Ёреву Ёре Бар Канори Сабзазоре,

Хуш бувад ёреву ёре бар канори сабзазоре,
Меҳрубонон рӯй бар ҳам в-аз ҳасудон бар каноре.
Ҳар киро бо дилситоне айш меафтад замоне,
Гӯ: ғанимат дон, ки дигар дер-дер афтад шикоре.
Роҳати ҷон аст рафтан бо дилороме ба саҳро,
Айни дармон аст гуфтан дарди дил бо ғамгусоре.
Ҳар ки манзуре надорад умр зоеъ мегузорад,
Ихтиёр ин аст дарёб, эй ки дорӣ ихтиёре!
Ишқ дар олам набудӣ, гар набудӣ рӯи зебо,
Гар на гул будй, нахондӣ булбуле бар шохсоре.
Бори беандоза дорам бар дил аз савдои ҷонон,
Охир, эй бераҳм, боре аз дилам баргир боре!
Донӣ, аз баҳри чӣ маънӣ хоки поят менабошам?
То туро наншонад аз ман бар дили нозук ғуборе?
В-ар туро бо хоксоре сар ба сӯҳбат барнаёяд,
Бар сари роҳат бияфтам, то кунӣ бар ман гузоре!
Зиндагонӣ сарф кардан дар талаф ҳайфе набошад,
Гар даре хоҳй кушудан, саҳл бошад интизоре.
Дӯстон, маъзур доред аз ҷавонмардию раҳмат,
Гар бинолад дардманде ё бинолад беқароре!
Рафтанаш дил мерабояд, гуфтанаш ҷон мефазояд,
Бо чунин ҳусну латофат чун кунад парҳезгоре?
Умри Саъдӣ гар сар ояд дар ҳадиси ишқ, шояд,
К-ӯ нахоҳад монд, бешак, в-ин бимонад ёдгоре.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.