Хуштар Зи Айши Сӯҳбату Боғи Баҳор Чист

Хуштар зи айши сӯҳбату боғи баҳор чист
Соқӣ куҷост, гӯ, сабаби интизор чист?
Ҳар вақти хуш, ки даст диҳад, муғтанам шумор,
Касро вуқуф нест, ки анҷоми кор чист?
Пайванди умр баста ба мӯест, ҳуш дор,
Ғамхори хеш бош, ғами рӯзгор чист?
Маънии оби зиндагиву равзаи Ирам.
Ҷуз тарфи ҷӯйбору маи хушгувор чист?
Мастуру маст ҳар ду чу аз як қабилаанд,
Мо дил ба ишваи кӣ диҳем, ихтиёр чист?
Рози даруни парда чӣ донад фалак, хамӯш!
Эй муддаӣ, низои ту бо пардадор чист?
Саҳву хатои банда гараш эътибор нест,
Маънии афву раҳмати омурзгор чист?
Зоҳид шароби кавсару Ҳофиз пиёла хост,
То дар миёна хостаи кирдигор чист?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.