Хушо Шерозу Вазъи Бемисолаш,

Хушо Шерозу вазъи бемисолаш,
Худовандо, нигаҳ дор аз заволаш.
Зи Рукнободи мо сад лавҳашаллоҳ
Ки умри Хизр мебахшад зулолаш.
Миёни Ҷаъфарободу Мусалло,
Абиромез меояд шамолаш.
Ба Шероз ову файзи рӯҳи қудсӣ
Биҷӯй аз мардуми соҳибкамолаш.
Кӣ номи қанди Мисрӣ бурд он ҷо,
Ки ширинон надоданд инфиолаш?.
Сабо з-он лӯлии шангули сармаст,
Чӣ дорӣ огаҳӣ, чун аст, ҳолаш?
Гар он ширинписар хунам бирезад,
Дило, чун шири модар кун ҳалолаш!
Макун аз хоб бедорам, худоро,
Ки дорам хилвате хуш бо хаёлаш.
Чаро, Ҳофиз, ту метарсидӣ аз ҳаҷр,
Накардӣ шукри айёми висолаш?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.