Хунук Насими Муанбар Шамомаи Дилхоҳ,

Хунук насими муанбар шамомаи дилхоҳ,
Ки дар ҳавои ту бархост бомдоди пагоҳ.
Далели роҳ шав, эй тоири хуҷасталиқо,
Ки дида об шуд аз шавқи хоки он даргоҳ.
Ба ёди шахси низорам, ки ғарқи хуни дил аст,
Ҳилолро зи канори уфуқ кунед нигоҳ.
Манам, ки бе ту нафас мекашам, зиҳӣ хиҷлат!
Магар ту афв кунӣ, варна чист узри гуноҳ?
Зи дӯстони ту омӯхт дар тариқат меҳр
Сапедадам, ки сабо чок зад шиори сиёҳ.
Ба ишқи рӯи ту рӯзе, ки аз ҷаҳон биравам,
Зи турбатам бидамад сурхгул ба ҷои гиёҳ.
Мадеҳ ба хотири нозук малолат аз ман зуд,
Ки Ҳофизи ту худ ин лаҳза гуфт: «Бисмиллоҳ!»
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.