Худоро Кам Нишин Бо Хирқапӯшон,

Худоро кам нишин бо хирқапӯшон,
Рух аз риндони бесомон мапӯшон!
Дар ин хирқа басе олудагӣ ҳаст,
Хушо вақти қабои майфурӯшон!
Дар ин суфивашон дурде надидам,
Ки софӣ бод айши дурднӯшон!
Ту нозуктабъиву тоқат наёрӣ
Гарониҳои мушти далқпӯшон.
Чу мастам кардай, мастур маншин,
Чу нӯшам додай, заҳрам манӯшон!
Биёву зарқи ин солусиён бин,
Суроҳӣ хундилу барбат хурӯшон.
Зи дилгармии Ҳофиз барҳазар бош,
Ки дорад синае чун деги ҷӯшон.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.