Хиромон Аз Дарам Боз О, К-Ат Аз Ҷон Орзумандам,

Хиромон аз дарам боз о, к-ат аз ҷон орзумандам,
Ба дидори ту хушнудам, ба гуфтори ту хурсандам!
Агарчи хотират бо ҳар касе пайвандҳо дорад,
Мабод он рӯзу он хотир, ки ман бо ҷуз ту пайвандам!
Касе монанди ман ҷустӣ, зиҳӣ, бадаҳци сангиндил!
Макун, к-андар вафодорӣ нахоҳӣ ёфт монандам!
Агар худ неъмати Қорун касе дар поят андозад,
Куҷо ҳамтои ман бошад, ки ҷон дар поят афкандам!
Ба ҷонат, к-аз миёни ҷон зи ҷонат дӯсттар дорам,
Ба ҳаққи дӯстӣ, ҷоно, ки бовар дор савгандам!
Макун рағбат ба ҳар сӯе, ба ёрони пароканда,
Ки ман меҳри дигар ёрон зи ҳар сӯе парокандам.
Шароби васлат андар деҳ, ки ҷоми ҳаҷр нӯшидам,
Дарахти дӯстӣ биншон, ки бехи сабр баркандам.
Чу пой аз ҷода берун шуд, чӣ нафъ аз рафтани роҳам?
Чу кор аз даст берун шуд, чӣ суд аз додани пандам?
Муаллим гӯ: адаб кам кун, ки ман ноҷинс шогирдам!
Падар гӯ: панд камтар деҳ, ки ман ноаҳл фарзандам!
Ба хорӣ дар паят Саъдӣ чу гард афтода мегӯяд:
«Писандӣ бар дилам гарде, ки бар домонт напсандам?»
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.