Хешро Чун Хор Дидам Сӯйи Гул Бигрехтам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Хешро чун хор дидам, сӯйи гул бигрехтам,
Хешро чун сирка дидам, дар шакар омехтам!
Косаи пурзаҳр будам, сӯйи тарёқ омадам,
Соғаре дурдӣ будам, дар оби ҳайвон рехтам!
Дидаи пурдард будам, даст дар Исо задам,
Хом дидам хешро, дар пухтае овехтам!
Хоки кӯйи ишқро ман сурмаи ҷон ёфтам,
Шиър гаштам дар латофат, сурмаро мебехтам!
Ишқ гӯяд: “Рост мегӯйӣ, вале аз худ мабин,
Ман чу бодам, ту чу оташ, ман туро ангехтам!”.
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.