Хез, То Хирқаи Сӯфӣ Ба Харобот Барем,

Хез, то хирқаи сӯфӣ ба харобот барем,
Шатҳу томот ба бозори хурофот барем.
Сӯи риндони қаландар ба раҳоварди сафар
Далқи бастомиву саҷҷодаи томот барем.
То ҳама хилватиён ҷоми сабӯҳӣ гиранд,
Чанги субҳӣ ба дари пири муноҷот барем.
Бо ту он аҳд, ки дар водии Эйман бастем,
Ҳамчу Мӯсо аранӣ гӯй ба миқот барем.
Кӯси номуси ту бар кунгураи арш занем,
Алами ишқи ту бар боми самовот барем.
Хоки кӯи ту ба саҳрои қиёмат фардо,
Ҳама бар фарқи сар аз баҳри мубоҳот барем.
В-ар ниҳад дар раҳи мо хори маломат зоҳид,
Аз гулистонш ба зиндони мукофот барем.
Шармамон бод зи пашминаи олудаи хеш,
Гар бад-ин фазлу ҳунар номи каромот барем.
Қадри вақт ар нашиносад дилу коре накунад,
Бас хиҷолат, ки аз ин ҳосили авқот барем.
Фитна меборад аз ин сақфи муқарнас, бархез,
То ба майхона паноҳ аз ҳама офот барем.
Дар биёбони фано гум шудан, охир, то кай?
Раҳ бипурсем, магар пай ба муҳиммот барем.
Ҳофиз, оби рухи худ бар дари ҳар сифла марез,
Ҳоҷат он беҳ, ки бари қозии ҳоҷот барем.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.