Хатти Узори Ёр, Ки Бигрифт Моҳ Аз Ӯ,

Хатти узори ёр, ки бигрифт моҳ аз ӯ,
Хуш ҳалқаест, лек бадар нест роҳ аз ӯ.
Абрӯи дӯст гӯшаи меҳроби давлат аст,
Он ҷо бимол чеҳраву ҳоҷат бихоҳ аз ӯ.
Эй ҷуръанӯши маҷлиси Ҷам, сина пок дор,
К-оинаест ҷоми ҷаҳонбин, ки оҳ аз ӯ!
Кирдори аҳли савмиаам кард майпараст,
Ин дуд бин, ки номаи ман шуд сиёҳ аз ӯ.
Султони ғам ҳар он чӣ тавонад, бигӯ, бикун,
Ман бурдаам ба бодафурӯшон паноҳ аз ӯ.
Соқӣ, чароғи май ба раҳи офтоб дор,
Гӯ: «Барфирӯз машъалаи субҳгоҳ аз ӯ!»
Обе ба рӯзномаи аъмоли мо фишон,
Бошад тавон сутурд ҳуруфи гуноҳ аз ӯ.
Оё дар ин хаёл, ки дорад гадои шаҳр,
Рӯзе бувад, ки ёд кунад подшоҳ аз ӯ?
Ҳофиз, ки сози мутриби ушшоқ соз кард,
Холӣ мабод арсаи ин базмгоҳ аз ӯ!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.