Хастагонро Чу Талаб Бошаду Қувват Набувад,

Хастагонро чу талаб бошаду қувват набувад,
Гар ту бедод кунӣ, шарти мурувват набувад.
Мо ҷафо аз ту надидему ту худ напсандӣ
Он чӣ дар мазҳаби арбоби тариқат набувад.
Хира он дида, ки обаш набарад гиряи ишқ,
Тира он дил, ки дар ӯ шамъи муҳаббат набувад.
Давлат аз мурғи ҳумоюн талабу сояи ӯ,
3-он, ки бо зоғу заған шаҳпари давлат набувад.
Гар мадад хостам аз пири муғон, айб макун,
Шайхи мо гуфт, ки дар савмаа ҳиммат набувад.
Чун таҳорат набувад, Каъбаву бутхона якест,
Набувад хайр дар он хона, ки исмат набувад.
Ҳофизо, илму адаб варз, ки дар маҷлиси шоҳ
Ҳар киро нест адаб, лоиқи сӯҳбат набувад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.