Хабарат Харобтар Кард Ҷароҳати Чудоӣ,

Хабарат харобтар кард ҷароҳати чудоӣ,
Чу хаёли оби рӯшан, ки ба ташнагон намоӣ.
Ту чӣ армуғоне орй, ки ба дӯстон фиристӣ?
Чӣ аз ин ба армуғоне, ки ту хештан биёӣ.
Бишудига дил бибурдиву ба дасти ғам супурдӣ,
Шабу рӯз дар хаеливу надонамат куҷоӣ?
Дили хешро бигуфтам, чу ту дӯст мегирифтам,
На аҷаб, ки хубрӯён бикунанд бевафоӣ.
Ту ҷафои худ бикардиву на ман наметавонам,
Ки ҷафо кунам, валекин на ту лоиқи ҷафоӣ.
Чӣ кунавд агар таҳаммул накунанд зердастон,
Ту ҳар он ситам, ки хоҳӣ бикунӣ, ки подшоҳӣ.
Сухане, ки бо ту дорам, ба насими субҳ гуфтам,
Дигаре намешиносам, ту бибар, ки ошноӣ.
Ман аз он гузаштам, эй ёр, кибишнавам насиҳат,
Бирав, эй фақеҳу бо мо мафурӯш порсоӣ.
Ту, ки гуфтаӣ, тааммул накунам ҷамоли хубон,
Бикунӣ, агар чу Саъдӣ назаре биёзмоӣ.
Дари чашми бомдодон ба биҳишт баргушуданд,
На чунон латиф бошад, ки ба дӯсг баргушоӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.