Фотиҳае, Чу Омадӣ Бар Сари Хастае Бихон,

Фотиҳае, чу омадӣ бар сари хастае бихон,
Лаб бикушо, ки медиҳад лаъли лабат ба мурда ҷон.
Он, ки ба пурсиш омаду фотиҳа хонда меравад,
Гӯ, нафасе, ки рӯҳро мекунам аз паяш равон.
Эй, ки табиби ҳастай, рӯи забони ман бибин,
К-ин даму дуди синаам бори дил аст бар забон.
Гарчи шаб устухони ман, кард зи меҳр гарму рафт,
Ҳамчу табам намеравад оташи меҳр аз устухон.
Ҳоли дилам зи холи ту ҳаст дар оташаш ватан,
Чашмам аз он ду чашми ту хаста шудасту нотавон.
Бознишон ҳароратам з-оби ду дидаву бибин,
Набзи маро, ки медиҳад ҳеҷ зи зиндагӣ нишон?
Он, ки мудом шишаам аз маи айш додааст,
Шишаам аз чӣ мебарад пеши табиб ҳар замон?
Ҳофиз, аз оби зиндагӣ шеъри ту дод шарбатам,
Тарки табиб кун, биё, нусхаи шарбатам бихон.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.