Фатвии Пири Муғон Дораму Қавлест Қадим,

Фатвии пири муғон дораму қавлест қадим,
Ки ҳаром аст май он ҷо, ки на ёр аст надим.
Чок хоҳам задан ин далқи риёӣ, чӣ кунам?
Рӯҳро сӯҳбати ноҷинс азобест алим.
То магар ҷуръа фишонад лаби ҷонон бар ман,
Солҳо шуд, ки манам бар дари майхона муқим.
Магараш хидмати дерини ман аз ёд бирафт,
Эй насими саҳарӣ, ёд диҳаш аҳди қадим!
Баъди сад сол агар бар сари хокам гузарӣ,
Сар барорад зи гилам рақскунон азми рамим.
Дилбар аз мо ба сад уммед ситад аввал дил,
Зоҳиран аҳд фаромуш накунад хулқи карим.
Ғунча, гӯ, тангдил аз кори фурӯбаста мабош,
К-аз дами субҳ мадад ёбаду анфоси насим!
Фикри беҳбуди худ, эй дил, зи дари дигар кун,
Дарди ошиқ нашавад беҳ, зи мудовои ҳаким.
Гавҳари маърифат имрӯз, ки бо худ бибарӣ,
Ки насиби дигарон аст нисоби зару сим.
Дом сахтаст, магар ёр шавад лутфи худо,
В-арна одам набарад сарфа зи шайтони раҷим.
Ҳофиз, ар симу зарат нест, чӣ шуд? Шокир бош,
Чӣ беҳ аз давлати лутфи сухану табъи салим?.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.