Умр Бигзашт Ба Беҳосиливу Булҳавасӣ,

Умр бигзашт ба беҳосиливу булҳавасӣ,
Эй писар, ҷоми маям деҳ, ки ба пирӣ бирасӣ.
Чӣ шакарҳост дар ин шаҳр, ки қонеъ шудаанд,
Шоҳбозони тариқат ба мақоми магасӣ.
Дӯш дар хайли ғуломони дараш мерафтам,
Гуфт:—Эй ошиқи бечора, ту боре чӣ касӣ?
Бо дили хуншуда чун нофа хушаш бояд буд,
Ҳар кӣ машҳури ҷаҳон гашт ба мушкиннафасӣ.
Ламаа-л-барқу мин-ат-Тури ва онасту биҳӣ
Фа лааллӣ лака отин би шиҳобин қабасӣ.
Корвон рафту ту дар хобу биёбон дар пеш,
Ваҳ, ки бас бехабар аз ғулғули чандин ҷарасӣ!
Бол бикшову сафир аз шаҷари тубо зан,
Ҳайф бошад чу ту мурғе, ки асири қафасӣ!
То чу миҷмар нафасе домани ҷонон гирам,
Ҷон ниҳодем бар оташ зи паи хушнафасӣ.
Чанд пӯяд ба ҳавои ту зи ҳар сӯ Ҳофиз,
Яссаруллоҳу тариқан бика ё мултамасӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.