Умрест, То Ман Дар Талаб Ҳар Рӯз Гоме Мезанам,

Умрест, то ман дар талаб ҳар рӯз гоме мезанам,
Дасти шафоат ҳар замон дар некномӣ мезанам.
Бе моҳи меҳрафрӯзи худ, то бигзаронам рӯзи худ,
Доме ба роҳе мениҳам, мурғе ба доме мезанам.
Авранг ку? Гулчеҳр ку? Нақши вафову меҳр ку?
Ҳоле ман андар ошиқӣ дови тамоме мезанам.
То бу, ки ёбам огаҳӣ аз сояи сарви сиҳӣ,
Гулбонги ишқ аз ҳар тараф бар хушхироме мезанам.
Ҳарчанд к-он ороми дил, донам набахшад коми дил,
Нақши хаёле мекашам, фоли давоме мезанам.
Донам сар орад ғуссаро, рангин барорад қиссаро,
Ин оҳи хунафшон, ки ман дар субҳу шоме мезанам.
Бо он, ки аз вай ғоибам, в-аз май чу Ҳофиз тоибам
Дар маҷлиси рӯҳониён гоҳ-гоҳ ҷоме мезанам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.