Ту Аз Ҳар Дар, Ки Боз Оӣ, Бад-Ин Хубиву Зебоӣ,

Ту аз ҳар дар, ки боз оӣ, бад-ин хубиву зебоӣ,
Даре бошад, ки аз раҳмат ба рӯи халқ бикшоӣ.
Маломатгӯи беҳосил турунҷ аз даст нашносад,
Дар он маъраз, ки чун Юсуф ҷамол аз парда бинмоӣ.
Ба зеварҳо биёроянд вақте хубрӯёнро,
Ту симинтан чунон хубӣ, ки зеварҳо биёроӣ.
Чу булбул рӯи гул бинад, забонаш дар ҳадис ояд,
Маро дар рӯят аз ҳайрат фурӯ бастаст гӯёӣ.
Ту бо ин ҳусн натвонӣ, ки рӯй аз халқ дарпӯшӣ,
Ки ҳамчу офтоб аз ҷому ҳур аз ҷома пайдоӣ.
Ту соҳибмансабӣ, ҷоно, зи мискинон наяндешӣ,
Ту хоболудаӣ, бар чашми бедорон набахшоӣ.
Гирифтам, сарви озодӣ, на аз моъи меҳин зодӣ?
Макун бегонагӣ бо мо, чу донистӣ, ки бо моӣ.
Дуое гар намегӯӣ, ба дашноме азизам кун,
Ки гар тахл аст, ширин аст аз он лаб, ҳар чӣ фармоӣ.
Гумон аз ташнагӣ бурдам, ки дарё то камар бошад,
Чу поенам бирафт, акнун бидонистам, ки дарёӣ.
Ту хоҳӣ остин афшону хоҳӣ рӯй дарҳам каш,
Магас ҷое нахоҳад рафтан аз дӯкони ҳалвоӣ.
Қиёмат мекунӣ, Саъдӣ, бад-ин ширин сухан гуфтан,
Мусаллам нест тӯтиро дар айёмат шакархоӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.