Туро, Ки Ҳар Чӣ Мурод Аст Дар Чаҳон, Дорӣ,

Туро, ки ҳар чӣ мурод аст дар чаҳон, дорӣ,
Чӣ ғам зи ҳоли заифони нотавон дорӣ?
Бихоҳ ҷону дил аз бандаву равон биситон,
Ки ҳукм бар сари озодагон равон дорӣ.
Миён надориву дорам аҷаб, ки ҳар соат
Миёни маҷмаи хубон кунӣ миёндорӣ.
Баёзи рӯи туро нест нақш дархӯр аз он-к,
Саводе аз хати мушкин бар арғавон дорӣ.
Бинӯш май, ки сабукрӯҳиву латиф мудом,
Алалхусус дар он дам, ки сар гарон дорӣ.
Макун итоб аз ин бешу ҷавр бар дили мо,
Макун ҳар он чӣ тавонӣ, ки ҷои он дорӣ.
Ба ихтиёрат агар сад ҳазор тири ҷафост,
Ба қасди ҷони мани хаста дар камон дорӣ.
Бикаш ҷафои рақибон мудому ҷаври ҳасуд,
Ки саҳл бошад, агар ёри меҳрубон дорӣ.
Ба васли дӯст гарат даст медиҳад як дам,
Бирав, ки ҳар чӣ мурод аст дар ҷаҳон, дорӣ.
Чу гул ба доман аз ин боғ мебарӣ, Ҳофиз,
Чӣ ғам зи нолаву фарёди боғбон дорӣ?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.