Тоби Бунафша Медиҳад Турраи Мушксои Ту,

Тоби бунафша медиҳад турраи мушксои ту,
Пардаи ғунча медарад хандаи дилкушои ту.
Эй гули хушнасими ман, булбули хешро масӯз,
К-аз сари сидқ мекунад шаб ҳама шаб дуои ту.
Ман, ки малул гаштамӣ аз нафаси фариштагон,
Қолу мақоли оламе мекашам аз барои ту.
Давлати ишқ бин, ки чун аз сари фахру ифтихор,
Гӯшаи тоҷи салтанат мешиканад гадои ту.
Хирқаи зӯҳду ҷоми май гарчи на дархӯри ҳаманд,
Ин ҳама нақш мезанам аз ҷиҳати ризои ту.
Шӯри шароби ишқи ту он нафасам равад зи сар,
К-ин сари пурҳавас шавад хоки дари сарои ту.
Шоҳнишини чашми ман такягаҳи хаёли туст,
Ҷои дуост, шоҳи ман, бе ту мабод ҷои ту!
Хуш чаман аст оразат, хоса, ки дар баҳори ҳусн,
Ҳофизи хушкалом шуд мурғи сухансарои ту.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.