Сӯфӣ Ниҳод Дому Сари Ҳуққа Боз Кард,

Сӯфӣ ниҳод дому сари ҳуққа боз кард,
Бунёди макр бо фалаки ҳуққабоз кард.
Бозии чарх бишқанадаш байза дар кулоҳ,
Зеро ки арзи шӯъбада бо аҳли роз кард.
Соқӣ, биё, ки шоҳиди раънои сӯфиён,
Дигар ба ҷилва омаду оғози ноз кард.
Ин мутриб аз куҷост, ки сози Ироқ сохт
В-оҳанги бозгашт ба роҳи Ҳиҷоз кард.
Эй дил, биё, ки мо ба паноҳи Худо равем,
3-онч остини кӯтаҳу дасти дароз кард.
Санъат макун, ки ҳар кӣ муҳаббат на рост бохт,
Ишқаш ба рӯи дил дари маънӣ фароз кард.
Фардо, ки пешгоҳи ҳақиқат шавад падид,
Шарманда раҳраве, ки амал бар маҷоз кард.
Эй кабки хушхиром, куҷо меравӣ? Биист!
Ғарра машав, ки гурбаи зоҳид намоз кард.
Ҳофиз, макун маломати риндон, ки дар азал
Моро Худо зи зӯҳду риё бениёз кард.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.