Суфӣ, Гуле Бичину Мураққаъ Ба Хор Бахш

Суфӣ, гуле бичину мураққаъ ба хор бахш
В-ин зӯҳди хушкро ба маи хушгувор бахш!
Томоту шатҳ дар раҳи оҳанги ҷанг неҳ,
Тасбеҳу тайласон ба маю майгусор бахш!
Зӯҳди гарон, ки шоҳиду соқӣ намехаранд,
Дар ҳалқаи чаман ба насими баҳор бахш!
Роҳам шароби лаъл зад, эй мири ошиқон,
Хуни маро ба чоҳи занахдони ёр бахш!
Ё раб, ба вақти гул гунаҳи банда афв кун
В-ин моҷаро ба сарви лаби ҷӯйбор бахш!
Эй он, ки раҳ ба машраби мақсуд бурдай,
3-ин баҳр қатрае ба мани хоксор бахш!
Шукронаро, ки чашми ту рӯи бутон надид,
Моро ба авфу лутфи худовандгор бахш!
Соқӣ, чу шоҳ нӯш кунад бодаи сабӯҳ,
Гӯ: ҷоми зар ба Ҳофизи шабзиндадор бахш!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.