Субҳе Муборак Аст Назар Бар Ҷамолп Дӯст,

Субҳе муборак аст назар бар ҷамолп дӯст,
Бар хӯрдан аз дарахтн умеди висолн дӯст.
Бахтам нахуфта буд, ки аз хоби бомдод,
Бархостам ба толеи фархундафоли дӯст.
Аз днл бурун шав, эй гами дунёву охират,
К-ин хона ҷои дев бувад ё маҷоли дӯст!
Хоҳам, ки бехи сӯҳбати агёр барканам,
Дар боғи дил раҳо накунам ҷуз ниҳоли дӯст!
Ташриф доду рафт, надонам зи бехудӣ,
К-ин дӯст буд дар назарам ё хаёли дӯст?
Ҳушам намонду ақл бирафгу сухан бибаст,
Муқбил касе, ки маҳв шавад дар камоли дӯст.
Саъдӣ, ҳиҷоб нест, ту оина пок дор!
Зангорхӯрда чун бинамояд ҷамоли дӯст?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.