Соқӣ, Ҳадиси Сарву Гулу Лола Меравад,

Соқӣ, ҳадиси сарву гулу лола меравад,
В-ин баҳс бо салосаи ғассола меравад.
Май деҳ, ки наварӯси чаман ҳадди ҳусн ёфт,
Кор ин замон зи санъати даллола меравад.
Тайи макон бибину замон дар сулуки шеър,
К-ин тифли якшаба раҳи яксола меравад.
Он чашми ҷодувонаи обидфиреб бин,
К-аш корвони сеҳр зи дунбола меравад,
Аз раҳ марав ба ишваи дунё, ки ин аҷуз,
Маккора менишинаду мӯҳтола меравад.
Боди баҳор мевазад аз гулситони шоҳ
В-аз жола бода дар қадаҳи лола меравад.
Ҳофиз, зи шавқи маҷлиси султон Ғиёсидднн,
Ғофил машав, ки кори ту аз нола меравад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.