Соқӣ, Биё, Ки Ёр Зи Рух Парда Баргирифт,

Соқӣ, биё, ки ёр зи рух парда баргирифт,
Кори чароғи хилватиён боз даргирифт.
Он шамъи саргирифта дигар чеҳра барфурӯхт
В-он пири солхӯрда ҷавонӣ зи сар гирифт.
Он ишва дод ишқ, ки муфтӣ зи раҳ бирафт,
В-он лутф кард дӯст, ки душман ҳазар гирифт.
Зинҳор аз он иборати ширини дилфиреб
Гӯӣ, ки пистаи ту сухан дар шакар гирифт.
Бори ғаме, ки хотири мо хаста карда буд,
Исодаме Худо бифиристоду баргирифт.
Ҳар сарвқад, ки бар маҳу хур ҳусн мефурӯхт,
Чун ту даромадӣ, паи кори дигар гирифт.
3-ин қисса ҳафт гунбади афлок пурсадост,
Кӯтаҳназар бубин, ки сухан мухтасар гирифт,
Ҳофиз, ту ин дуо зи кӣ омӯхтӣ, ки ёр,
Таъвиз кард шеъри турову ба зар гирифт?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.