Соқӣ, Биё, Ки Шуд Қадаҳи Лола Пур Зи Май,

Соқӣ, биё, ки шуд қадаҳи лола пур зи май,
Томот то ба чанду хурофот то ба кай?
Бигзар зи кибру ноз, ки дидаст рӯзгор
Чини қабои Қайсару тарфи кулоҳи Кай.
Ҳушёр шав, ки мурғи чаман маст гашт, ҳон!
Бедор шав, ки хоби адам дар пай аст, ҳай.
Хуш нозукона мечамӣ, эй шохи навбаҳор,
К-ошуфтагӣ мабодат аз ошӯби боди дай!
Бар меҳри чарху шеваи ӯ эътимод нест,
Эй вой бар касе, ки шуд эмин зи макри вай!
Фардо шароби кавсару ҳур аз барои мост
В-имрӯз низ соқии маҳрӯву ҷоми май!
Боди сабо зи аҳди сибо ёд медиҳад,
Ҷондоруе, ки ғам бибарад, дардеҳ, эй субай.
Ҳашмат мабину салтанати гул, ки биспурад
Фарроши бод ҳар варақашро ба зери пай.
Дардеҳ ба ёди Ҳотами Тай ҷоми якманӣ,
То номаи сиёҳи бахилон кунем тай!
3-он май, ки дод ҳусну латофат ба арғавон,
Берун фиганд лутфи мизоҷ аз рухаш ба хай.
Маснад ба боғ бар, ки ба хидмат чу бандагон
Истодааст сарву камар баста аст най.
Ҳофиз, ҳадиси сеҳрфиреби хушат расид
То ҳадди Мисру Чину ба атрофи Руму Рай.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.