Соқӣ, Биёр Бода, Ки Моҳи Сиём Рафт,

Соқӣ, биёр бода, ки моҳи сиём рафт,
Дардеҳ қадаҳ, ки мавсими номусу ном рафт.
Вақти азиз рафт, биё, то қазо кунем,
Умре, ки бе ҳузури суроҳиву ҷом рафт.
Мастам кун он чунон, ки надонам зи бехудӣ,
Дар арсаи хаёл кӣ омад, кадом рафт?
Бар бӯи он, ки ҷуръаи ҷомат ба мо расад,
Дар мастаба дуои ту ҳар субҳу шом рафт.
Дилро ки мурда буд ҳаёте ба ҷон расид,
То бӯе аз насими маяш дар машом рафт.
Зоҳид ғурур дошт саломат набурд роҳ,
Ринд аз раҳи ниёз ба доруссалом рафт.
Нақди диле ки буд маро сарфи бода шуд
Қалби сиёҳ буд аз он дар ҳаром рафт.
Дар тоби тавба чанд тавон сӯхт ҳамчу уд,
Май деҳ, ки умр дар сари савдои хом рафт.
Дигар макун насиҳати Ҳофиз, ки раҳ наёфт
Гумгаштае, ки бодаи нобаш ба ком рафт.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.