Ситеза Кун Ки Зи Хубон Ситеза Ширин Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ситеза кун, ки зи хубон ситеза ширин аст,
Баҳона кун, ки бутонро баҳона ойин аст!
Аз он лаби шакаринат баҳонаҳои дурӯғ
Ба ҷойи фотиҳаву кофҳову ёсин аст!
Вафо тамаъ накунам, з – он ки ҷавр хубонро
Табиъат асту сиришт асту одату дин аст!
Агар туруш куниву рӯ зи мо бигардонӣ,
Ба қосид асту ба макр асту он дурӯғин аст!
Зи дасти ғайри ту андар даҳони ман ҳалво,
Ба ҷони поки азизон, ки гурзи рӯйин аст!
Ҳазор ваъда диҳ, он гаҳ хилоф кун ҳамаро,
Ки он шароб, ки арзад, сад оби хуш ин аст!
Зар ӯ диҳад, ки рухаш аз фироқ ҳамчу зар аст,
Чаро диҳад зару сим он парӣ, ки симин аст?!
Ҷавоби ҳамчу шакар ӯ диҳад, ки муҳтоҷ аст,
Ҷавоби талхи туро сад ҳазор тамкин аст!
Ҷамолу ҳусни ту ганҷ асту хӯйи бад чун мор,
Бақои ганҷи ту бодо, ки он бурунин аст!
Қумоши ҳастии моро ба нози хеш бисӯз,
Ки он закоти латифат насиби мискин аст!
Буруни дар ҳамаро чун сагони кӯ биншон,
Ки дар шараф сари кӯйи ту Тури Синин аст!
Хуранд чӯби халифа шаҳон, чу шоҳ шаванд,
Ҷафои ишқ кашидан фани салотин аст!
Имом фотиҳа хонад, малак кунад омин,
Маро, чу фотиҳа хондам, умед омин аст!
Ҳар он фиреб, к – аз андешаи ту мезояд,
Ҳазор гавҳару лаълаш баҳову кобин аст!
Чунон ки мадрасаи фиқҳро буруншавҳост,
Бидон, ки мадрасаи ишқро қавонин аст!
Хамуш кунем, ки то шарҳи он бигӯяд шоҳ,
Ки зинда шахси ҷаҳон з – он гузида талқин аст!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.