Сарви Баланд Бин, Ки Чӣ Рафтор Мекунад

Сарви баланд бин, ки чӣ рафтор мекунад
Шӯхи шакардаҳан, ки чӣ гуфтор мекунад?
Девона мекунад дили соҳибтамизро,
Ҳар гаҳ, ки илтифот паривор мекунад.
Он чашми маст бин, ки ба шӯхиву дилбарӣ
Қасди ҳалоки мардумм ҳушёр мекунад.
Мо рӯй карда аз ҳама олам ба рӯи ӯ
В-он сустмеҳр рӯй ба девор мекунад.
Зоҳид хабар надорад аз андӯҳи ошиқон,
Хуфтасгу айби мардуми бедор мекунад.
Ман тоқату шикеб надорам зи рӯи хуб,
Саъдӣ ба аҷзи хештан иқрор мекунад!
Бечора аз мутолиаи рӯи некӯвон,
Сад бор тавба карду дигар бор мекунад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.