Сарам Хуш Асту Ба Бонги Баланд Мегӯям,

Сарам хуш асту ба бонги баланд мегӯям,
Ки ман насими ҳаёт аз пиёла меҷӯям.
Убуси зӯҳд ба ваҷҳи хумор наншинад,
Муриди хирқаи дурдикашони хушхӯям.
Шудам фасона ба саргаштагӣ чу абруи дӯст,
Кашида дар хами чавгони хеш чун гӯям.
Гарам на пири муғон дар ба рӯй бикшояд,
Кадом дар бизанам, чора аз куҷо чӯям?
Макун дар ин чаманам сарзаниш ба худрӯӣ,
Чунон, ки парваришам медиҳанд, мерӯям.
Ту хонақоҳу харобот дар миёна мабин,
Худо гувост, ки ҳар ҷо, ки ҳаст бо ӯям.
Ғубори роҳи талаб кимиёи беҳрӯзист,
Ғуломи давлати он хоки анбаринбӯям.
Зи шавқи наргиси масти баландболое,
Чу лола ба қадаҳ афтода бар лаби ҷӯям.
Биёр май, ки ба фатвои Ҳофиз аз дили пок
Ғубори зарқ ба файзи қадаҳ фурӯ шӯям.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.