Салоҳ Аз Мо Чӣ Меҷӯӣ, Ки Мастонро Сало Гуфтем,

Салоҳ аз мо чӣ меҷӯӣ, ки мастонро сало гуфтем,
Ба даври наргиси мастат саломатро дуо гуфтем.
Дари майхонаам бикшо, ки ҳеҷ аз хонақаҳ накшуд,
Гарат бовар бувад, в-ар на, сухан ин буду мо гуфтем,
Ман аз чашми ту, эй соқӣ, хароб афтодаам, лекин
Балое, к-аз ҳабиб ояд, ҳазораш марҳабо гуфтем.
Агар бар ман набахшой, пушаймонӣ хӯрӣ охир,
Ба хотир дор ин маънӣ, ки дар хидмат куҷо гуфтем.
Қадат гуфтам, ки шамшод аст, бас хиҷлат ба бор овард,
Ки ин нисбат чаро додему ин бӯҳтон чаро гуфтем?
Ҷигар чун нофаам хун гашт, кам з-инам намебояд,
Ҷазои он, ки бо зулфат сухан аз чин хато гуфтем.
Ту оташ гаштӣ, эй Ҳофиз, вале бо ёр дарнагрифт,
Зи бадаҳдии гул, гӯй, ҳикоят бо сабо гуфтем.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.