Сабо, Зи Манзили Ҷонон Гузар Дареғ Мадор

Сабо, зи манзили ҷонон гузар дареғ мадор
В-аз ӯ ба ошиқи бедил хабар дареғ мадор.
Ба шукри он, ки шукуфтӣ ба коми бахт, эй гул,
Насими васл зи мурғи саҳар дареғ мадор.
Ҳарифи ишқи ту будам, чу моҳи нав будӣ,
Кунун, ки моҳи тамомӣ, назар дареғ мадор.
Ҷаҳону хар чӣ дар ӯ ҳаст, саҳлу мухтасар аст,
Зи аҳли маърифат ин мухтасар дареғ мадор.
Кунун, ки чашмаи қанд аст лаъли нӯшинат,
Сухан бигӯву зи тӯтӣ шакар дареғ мадор.
Макорими ту ба офоқ мебарад шоир,
Аз ӯ вазифаву зоди сафар дареғ мадор.
Чу зикри хайр талаб мекунӣ, сухан ин аст,
Ки дар баҳои сухан симу зар дареғ мадор.
Ғубори ғам биравад, ҳол хуш шавад, Ҳофиз
Ту оби дида аз ин раҳгузар дареғ мадор.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.