Сабо Ба Таҳнияти Пири Майфурӯш Омад,

Сабо ба таҳнияти пири майфурӯш омад,
Ки мавсими тарабу айшу нозу нӯш омад.
Ҳаво Масеҳнафас гашту бод нофакушой,
Дарахт сабз шуду мурғ дар хурӯш омад.
Танӯри лола чунон барфурӯхт боди баҳор,
Ки ғунча ғарқи арақ гашту гул ба ҷӯш омад.
Ба гӯши ҳуш ниюш аз ману ба ишрат кӯш,
Ки ин сухан саҳар аз ҳотифам ба гӯш омад;
«Зи фикри тафриқа боз ой, то шавӣ, маҷмӯъ,
Ба ҳукми он, ки чу шуд аҳраман, сурӯш омад».
Зи мурғи субҳ надонам, ки савсани озод,
Чӣ гӯш кард, ки бо даҳ забон хамӯш омад?
Чӣ ҷои сӯҳбати номаҳрам аст маҷлиси унс,
Сари пиёла бипӯшон, ки ҳирқапӯш омад.
Зи хонақоҳ ба майхона меравад Ҳофиз,
Магар зи мастии зӯҳду риё ба ҳуш омад?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.