Рӯ Бар Раҳаш Ниҳодаму Бар Ман Гузар Накард,

Рӯ бар раҳаш ниҳодаму бар ман гузар накард,
Сад лутф чашм доштаму як назар накард.
Сели сиришки мо зи дилаш кин бадар набурд,
Дар санги хора қатраи борон асар накард.
Ё раб, ту он ҷавони диловар нигоҳ дор,
К-аз тири оҳи гӯшанишинон ҳазар накард.
Моҳиву мурғ дӯш зи афғони ман нахуфт,
В-он шӯҳдида бин, ки сар аз хоб бар накард.
Мехостам, ки мирамаш андар қадам, чу шамъ,
ӯ худ гузар ба мо чу насими саҳар накард.
Ҷоно, кадом сангдили бекифоят аст,
К-ӯ пеши захми теғи ту ҷонро сипар накард?
Килки забонбуридаи Ҳофиз дар анҷуман
Бо кас нагуфт рози ту, то тарки сар накард.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.