Рӯй Бинмову Вуҷуди Худам Аз Ёд Бибар,

Рӯй бинмову вуҷуди худам аз ёд бибар,
Хирмани сӯхтагонро ҳама, гӯ, бод бибар!
Мо чу додем дилу дида ба тӯфони бало,
Гӯ, биё сели ғаму хона зи бунёд бибар.
Зулфи чун анбари хомаш кӣ бибӯяд, ҳайҳот,
Эй дили хомтамаъ, ин сухан аз ёд бибар.
Сина, гӯ, шӯълаи оташкадаи Форс бикуш,
Дида, гӯ, оби рухи Даҷлаи Бағдод бибар!
Давлати пири муғон бод, ки боқӣ саҳл аст,
Дигаре, гӯ, бираву номи ман аз ёд бибар!
Саъй нокарда дар ин роҳ бо ҷое нарасӣ,
Музд агар металабӣ, тоати устод бибар!
Рӯзи маргам нафасе ваъдаи дидор бидеҳ
В-он гаҳам то ба лаҳад фориғу озод бибар!
Дӯш мегуфт: «Ба мижгони дарозат бикушам»,
Ё раб, аз хотираш андешаи бедод бибар.
Ҳофиз андеша кун аз нозукии хотири ёр,
Бирав аз даргаҳаш, ин нолаву фарёд бибар!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.