Рӯзи Борон Асту Мо Ҷӯ Меканем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Рӯзи борон асту мо ҷӯ меканем,
Бар умеди васл дасте мезанем!
Абрҳо обистан аз дарёи ишқ,
Мо зи абри ишқ ҳам обистанем!
Ту магӯ мутриб наям, дасте бизан,
Ту биё, мо худ туро мутриб кунем!
Равшан аст он хона, гӯйӣ, они кист?!
Мо ғуломи хонаҳои равшанем!
Мо ҳиҷоби оби ҳайвони худем,
Бар сари он об мо чун равғанем!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.