Рӯзгорест, Ки Савдои Бутон Дини Ман Аст,

Рӯзгорест, ки савдои бутон дини ман аст,
Ғами ин кор нишоти дили ғамгини ман аст.
Дидани рӯи туро дидаи ҷонбин бояд
В-ин куҷо мартабаи чашми ҷаҳонбини ман аст?
Ёри ман бош, ки зеби фалаку зинати даҳр
Аз маҳи рӯи туву ашки чу парвини ман аст.
То маро ишқи ту таълими сухан гуфтан кард,
Халқро вирди забон мидҳату таҳсини ман аст.
Давлати фақр, Худоё, ба ман арзонӣ дор,
К-ин каромат сабаби ҳашмату тамкини ман аст.
Воизи шаҳнашинос ин азамат, гӯ, мафурӯш,
3-он, ки манзилгаҳи султон дили мискини ман аст.
Ё раб, ин Каъбаи мақсуд тамошогаҳи кист?
Ки муғелони тариқаш гулу насрини ман аст?
Ҳофиз, аз ҳашмати Парвез дигар қисса махон,
Ки лабаш ҷуръакаши Хусрави Ширини ман аст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.