Рӯзгорест, Ки Савдозадаи Рӯи Туам,

Рӯзгорест, ки савдозадаи рӯи туам,
Хобгаҳ нест ба ҷуз хоки сар кӯи туам.
Ба ду чашми ту, ки шӯридатар аз бахти ман аст,
Ки ба рӯи ту ман ошуфтатар аз мӯи туам!
Нақди ҳар ақл, ки дар кисаи пиндорам буд,
Камтар аз ҳеҷ баромад ба тарозуи туам.
Ҳамдаме нест, ки гӯяд сухане пеши манат,
Маҳраме нест, ки орад хабаре сӯи туам.
Лоҷарам халқи ҷаҳонанд муриди суханам,
Ки риёзаткаши меҳроби ду абрӯи туам!
Гар бар онӣ, ки биронӣ, ба чӣ пар хоҳам гашт,
Ки гарам теғ занӣ, бандаи бозуи туам!
Дасти маргам наканад бехи саропардаи умр,
Гар саодат бизанад хайма ба паҳлӯи туам.
Саъдӣ аз пардаи ушшоқ чй хущ менолад?
Турки ман парда барандоз, ки ҳиндуи туам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.