Рӯзгорест, Ки Моро Нигарон Медорӣ,

Рӯзгорест, ки моро нигарон медорӣ,
Мухлисонро на ба вазъи дигарон медорӣ.
Гӯшаи чашми ризое ба манат боз нашуд,
Ин чунин иззати соҳибназарон медорӣ?
Соид он беҳ, ки бипӯшӣ ту чу аз баҳри нигор
Даст дар хуни дили пурҳунарон медорӣ.
На гул аз дасти ғамат расту на булбул дар боғ,
Ҳамаро наъразанон, ҷомадарон медорӣ.
Эй, ки дар далки муламмаъ талабӣ нақди ҳузур
Чашми сирре аҷаб аз бехабарон медорӣ.
Чун туӣ наргиси боғи назар, эй чашму чароғ,
Сар чаро бар мани дилхаста гарон медорӣ?
Гавҳари ҷоми Ҷам аз кони ҷаҳоне дигар аст,
Ту таманно зи гили кӯзагарон медорӣ.
Падари таҷриба, эй дил, туӣ , охир, зи чӣ рӯй
Тамаи меҳру вафо з-ин писарон медорӣ?
Кисаи симу зарат пок бибояд пардохт
Ин тамаъҳо, ки ту аз симбарон медорӣ.
Гарчи риндиву харобӣ гунаҳи мост, вале
Ошиқе гуфт, ки ту банда бар он медорӣ.
Магзарон рӯзи саломат ба маломат, Ҳофиз,
Чӣ таваққуъ зи ҷаҳони гузарон медорӣ?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.