Роҳе Бизан, Ки Оқе Бар Сози Он Тавон Зад,

Роҳе бизан, ки оқе бар сози он тавон зад,
Шеъре бихон, ки бо ӯ ратли гарон тавон зад.
Бар остони ҷонон гар сар тавон ниҳодан,
Гулбонги сарбаландӣ бар осмон тавон зад.
Қадди хамидаи мо саҳлат намояд, аммо
Бар чашми душманон тир аз ин камон тавон зад.
Дар хонақаҳ нағунҷад асрори ишқбозӣ,
Ҷоми ман муғона ҳам бо муғон тавон зад.
Дарвешро набошад барги сарои султон,
Моему кӯҳна далқе, к-оташ дар он тавон зад.
Аҳли назар ду олам дар як назар бибозанд,
Ишқ асту дови аввал бар нақди ҷон тавон зад.
Гар давлати висолат хоҳад даре кушудан,
Сарҳо бад-ин тахайюл бар остон тавон зад.
Ишқу шабобу риндӣ маҷмӯаи мурод аст,
Чун ҷамъ шуд маонӣ, гӯи баён тавон зад.
Шуд раҳзани саломат зулфи ту в-ин аҷаб нест,
Гар роҳзан ту бошӣ, сад корвон тавон зад.
Ҳофиз ба ҳаққи Қуръон, к-аз шайду зарқ боз ой,
Бошад, ки гӯи айше дар ин миён тавон зад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.