Рафтию Ҳамчунон Ба Хаёли Ман Андарӣ,

Рафтию ҳамчунон ба хаёли ман андарӣ,
Гӯё, ки дар баробари чашмам мусавварӣ!
Фикрам ба мунтаҳои ҷамолат намерасад,
К-аз ҳарчи дар хаёли ман ояд, накӯтарӣ!
Маҳ бар замин нарафту парӣ парда барнадошт,
То зан барам, кн рӯи ту зан аст ё парӣ?
Ту худ фариштаӣ, на аз ин гил сириштаӣ,
Г ар халк аз обу хок, ту аз мушку анбарӣ!
Моро шикояте зи ту гар ҳаст, ҳам ба туст,
К-аз ту ба дигаре натавон бурд доварӣ.
Бо дӯст кунчи фақр биҳишт асту бӯстон,
Бе дӯст хок бар сари ҷоҳу тавонгарӣ!
То дӯст дар канор набошад ба коми дил,
Аз ҳеч неъмате натавонй, ки бар хӯрӣ.
Гар чашм дар сарат кунам аз гиря бок нест,
Зеро ки ту азизтар аз чашм дар сарӣ!
Чандон ки ҷаҳд буд, давидем дар талаб,
Кӯшнш чй суд, чун накунад бахт ёварӣ?
Саъдӣ, ба васли дӯст чу дастат намерасад,
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.