Рафтам Ба Боғ Субҳдаме, То Чинам Гуле,

Рафтам ба боғ субҳдаме, то чинам гуле,
Омад ба гӯш ногаҳам овози булбуле.
Мискин чу ман ба ишқи гуле гашта мубтало,
В-андар чаман фиганда зи фарёд ғулғуле.
Мегаштам андар он чаману боғ дам ба дам,
Мекардам андар он гулу булбул тааммуле.
Гул ёри ҳусн гаштаву булбул қарини ишқ,
Онро тафаззуле наву инро табаддуле.
Чун кард дар дилам асар овози андалеб,
Гаштам чунон, ки ҳеҷ намондам таҳаммуле
Бас гул шукуфта мешавад ин боғро, вале
Кас бебалои хор начидаст аз ӯ гуле.
Ҳофиз, мадор умеди фараҳ аз мадори чарх,
Дорад ҳазор айбу надорад тафаззуле.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.