Расид Мужда, Ки Айёми Ғам Нахоҳад Монд,

Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд,
Чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд.
Ман арчи дар назари ёр хоксор шудам,
Рақиб низ чунин мӯҳтарам нахоҳад монд.
Чу пардадор ба шамшер мезанад ҳамаро,
Касе муқими харими ҳарам нахоҳад монд.
Чӣ ҷои шукру шикоят зи нақши неку бад аст,
Чу бар саҳифаи ҳастӣ рақам нахоҳад монд.
Суруди маҷлиси Ҷамшед, гуфтаанд, ин буд,
Ки ҷоми бода биёвар, ки Ҷам нахоҳад монд.
Ғанимате шумур, эй шамъ, васли парвона,
Ки ин муомила то субҳдам нахоҳад монд.
Тавонгаро, дили дарвеши худ ба даст овар,
Ки махзани зару ганҷи дирам нахоҳад монд.
Бар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,
Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд.
Зи меҳрубонии ҷонон тамаъ мабур, Ҳофиз,
Ки нақши ҷавру нишони ситам нахоҳад монд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.