Равшании Талъати Ту Моҳ Надорад,

Равшании талъати ту моҳ надорад,
Пеши ту гул равнақи гиёҳ надорад.
Гӯшаи абруи туст манзили ҷонам,
Хуштар аз он гӯша подшоҳ надорад.
То чӣ кунад бо рухи ту дуди дили ман,
Оина донӣ, ки тоби оҳ надорад,
Шӯхии наргис нигар, ки пеши ту бишқуфт,
Чашмдарида адаб нигоҳ надорад.
Дидаму он чашми дилсияҳ, ки ту дорӣ,
Ҷониби ҳеҷ ошно нигоҳ надорад.
Ратли гаронам деҳ, эй муриди харобот,
Шодии шайхе, ки хонақоҳ надорад.
Хун хӯру хамуш нишин, ки он дили нозук
Тоқати фарёди додхоҳ надорад.
Гӯ: бираву остин ба хуни ҷигар шӯй,
Ҳар кӣ дар ин остона роҳ надорад.
Не мани танҳо кашам татовули зулфат,
Кист, ки ӯ доғи он сиёҳ надорад.
Ҳофиз агар саҷдаи ту кард, макун айб,
Кофири ишқ, эй санам, гуноҳ надорад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.