Раво Ки Манзараи Чашми Ман Ошёнаи Туст,

Раво ки манзараи чашми ман ошёнаи туст,
Карам намову фуруд о, ки хона-хонаи туст.
Ба лутфи холу хат аз орифон рабудӣ дил,
Латифаҳои аҷаб зери дому донаи туст.
Дилат ба васли гул, эй булбули саҳар, хуш бод,
Ки дар чаман ҳама гулбонги ошиқонаи туст.
Илоҷи заъфи дили мо ба лаб ҳаволат кун,
Ки ин муфарреҳи ёқут дар хазонаи туст.
Ба тан муқассирам аз давлати мулозаматат,
Вале хулосаи ҷон хоки остонаи туст.
Ман он наям, ки диҳам нақди дил ба ҳар шӯхе,
Дари хазона ба мӯҳри туву нишонаи туст.
Ту худ чӣ лӯъбатӣ, эй шаҳсавори ширинкор,
Ки тавсане чу фалак роми тозиёнаи туст.
Чӣ ҷои ман, ки билағзад сипеҳри шӯъбадабоз,
Аз ин ҳиял, ки дар анбонаи баҳонаи туст.
Суруди маҷлисат акнун фалак ба рақс орад,
Ки шеъри Ҳофизи ширинсухан таронаи туст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.