Пиронасарам Ишқи Ҷавонӣ Ба Сар Афтод

Пиронасарам ишқи ҷавонӣ ба сар афтод
В-он роз, ки дар дил бинуҳуфтам, бадар афтод.
Аз роҳи назар мурғи дилам гашт ҳавогир,
Эй дида, нигаҳ кун, ки ба доми кӣ дарафтод?
Дардо, ки аз он оҳуи мушкини сияҳчашм,
Чун нофа басе хуни дилам дар ҷигар афтод.
Аз раҳгузари хоки сари кӯи шумо буд
Ҳар нофа, ки дар дасти насими саҳар афтод.
Мижгони ту то теғи ҷаҳонгир баровард.
Бас куштаи дилзинда, ки бар якдигар афтод.
Бас таҷриба кардем дар ин дайри мукофот,
Бо дурдкашон ҳар кӣ дарафтод, барафтод.
Гар ҷон бидиҳад, санги сияҳ лаъл нагардад,
Бо тинати аслӣ чӣ кунад,— бадгуҳар афтод.
Ҳофиз, ки сари зулфи бутон дасткашаш буд,
Бас турфа ҳарифест, к-аш акнун ба сар афтод.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.