Пеш Аз Инат Беш Аз Ин Андешаи Ушшоқ Буд,

Пеш аз инат беш аз ин андешаи ушшоқ буд,
Меҳрварзии ту бо мо шӯҳраи офоқ буд.
Ёд бод он сӯҳбати шабҳо, ки бо нӯшинлабон,
Баҳси сирри ишқу зикри ҳалқаи ушшоқ буд.
Пеш аз ин, к-ин сақфи сабзу тоКи мино барқашанд,
Манзари чашми маро абрӯи ҷонон тоқ буд.
Аз дами субҳи азал то охири шоми абад,
Дӯстиву меҳр бар як аҳду як мисоқ буд.
Сояи маъшуқ агар афтод бар ошиқ чӣ шуд?
Мо ба ӯ мӯҳтоҷ будем, ӯ ба мо муштоқ буд.
Ҳусни маҳрӯёни маҷлис гарчи дил мебурду дин
Баҳси мо дар лутфи табъу хубии ахлоқ буд.
Бар дари шоҳам гадое нуқтае дар кор кард,
Гуфт: «Бар ҳар хон, ки биншастам, Худо раззоқ буд»,
Риштаи тасбеҳ агар бигсаст, маъзурам бидор,
Дастам андар домани соқии симинсоқ буд.
Дар шаби қадр ар сабуҳӣ кардаам, айбам макун,
Сархуш омад ёру ҷоме бар канори тоқ буд.
Шеъри Ҳофиз дар замони Одам андар боғи хулд
Дафтари насрину гулро зинати авроқ буд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.